Дар Париж барномаи фарҳангии Шашмақом баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар доираи бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ва маросими ҷашни 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ ва 60-солагии илмҳои оби ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса барномаи фарҳангии Шашмақом баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доаднд, барномаи фарҳангӣ бо ҳунарнамоии устодони санъати мусиқии Шашмақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоишро ҷалб намуд.
Намоиши ин мероси беназири мусиқии суннатӣ, ки ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидааст, бозгӯи амиқи фарҳанги маънавии тоҷикон ва саҳми онҳо дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи байналмилалӣ на танҳо василаи муаррифии ҳунари миллист, балки саҳми арзандае дар таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин шоҳасари мусиқии классикии халқи тоҷик мақоми давлатӣ дода шуд ва ҳар сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи Шашмақом дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад.
Шашмақом арзишмандтарин дурри гаронбаҳо буда, ин санъати бузурги пурҷозибаро ҳазорҳо ромишгарону сарояндагон давоми асрҳо ғанитар гардонидаанд. Шоҳасари мадании мусиқии халқи тоҷик давоми асрҳо аз дил ба дил роҳ ёфта, аз устод ба шогирд чун мероси аҷдодӣ омада расидааст.
Шашмақом таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Дар асрҳои миёна маҷмуи мусиқии классикии тоҷик ба унвони «Дувоздаҳмақом» маъмул гардида буд ва Шашмақом идомаи таърихӣ-бадеии ҳамин анъанаи ҳунарӣ ба ҳисоб меравад. Он аз мақомҳои «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ» ва «Ироқ» иборат аст.
Ба нигоштаи таърихшиносон, шоҳони Сосонӣ эътибор ва мартабаи соҳибони ин касби нозукро ба зинаи баланди ҷамъиятӣ бардоштаанд. Дар ин давра ромишгароне, ба монанди Борбади Марвазӣ, Саркаш, Накисои Чангӣ, Озодвори Чангӣ, Ромтини Чангӣ ба ин мусиқӣ замина гузоштаанд.
Мероси мусиқии суннатии тоҷик — Шашмақом давоми солҳои зиёд чун асари силсилавии шаклан мураккаб, вале дорои хусусияти касбӣ мукаммал мегардид ва аз насл ба насл ба таври шифоҳӣ дар шакли анъанаи зинда – тавассути низоми суннатии «устоду шогирд» интиқол меёфт.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон













Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат






