Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Панҷакент ба ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз намуданд, ки ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 250 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Хоҷагии деҳқонии Муслим Холиқови Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакен аввалин шуда, ҷамъоварии картошкаро оғоз намуд. Дар хоҷагӣ имсол дар майдони 19 гектар асосан картошкаи барвақтӣ шинонида шуд. Ҳосили аввалин аллакай ба бозор ба фурӯш гузошта шудааст.
Инчунин дар ин ҷамоат дигар кишоварзон наздик ба 70 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намуда буданд. Кишоварзон нақша дорад, ки баъд аз пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка дар ин замин сабзӣ, қаланфури булғорӣ, шалғам ва дигар зироати полезӣ кишт намоянд.
Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент нақша доранд, ки дар 3900 гектар картошка кишт намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






