Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд

Июнь 17, 2025 08:21

ДУШАНБЕ, 17.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода як ҳолати қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор ва пешгирӣ гардид. 

Зимни чорабинӣ бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Эшмуродов Шоимардон Наркузиевич, соли таваллудаш 1975, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шулуми Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, оиладор, соҳиби 9 фарзанд, Бойқулов Одилҷон Абдураҳмонович, соли таваллудаш 1986, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Нурободи Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода ва Худойбердиев Ҷуманазар Маҳмадраҳимович, соли таваллудаш 1971, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ширинчашмаи Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода боздошт гардиданд.

Ҳамзамон дар ҷойи ҳодиса дар ҳудуди заминҳои корами деҳаи Ширинчашмаи Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода аз махфигоҳ се адад борхалтаи полиэтиленӣ бо маводи нашъовар дар ҳаҷми махсусан калон ба миқдори 70 кг дарёфт ва мусодира карда шуд.

Дар рафти чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ муайян гардид, ки Эшмуродов Шоимардон Нарқузиевич гурӯҳи муташаккили ҷиноятии нашъаҷаллобро таъсис дода, бо истифода аз имкониятҳои ҳаммаслакони ҷиноятии худ Бойқулов Одилҷон Абдураҳмонович ва Худойбердиев Ҷуманазар Маҳмадраҳимович мунтазам хатти сарҳади давлатиро ғайриғонунӣ убур намуда, маводи мухадирро ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон интиқол медодааст.

Аз рӯйи нишондоди боздоштшудагон муайян карда шуд, ки Шоимардон Эшмуродов дар асоси маслиҳати пешакӣ бо ҳаммаслакони ҷиноятии худ Ҷуманазар Худойбердиев ва Одилҷон Бойқулов маводи мухаддири мусодирашударо дар махфигоҳ, воқеъ дар ҳудуди заминҳои ғаллазори деҳаи Ширинчашма пинҳон карда, мақсад доштаанд бо истифода аз торикии шаб тавассути минтақаи осебпазири сарҳади давлатӣ онро ба кишвари ҳамсоя интиқол диҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба генофонди миллӣ дар асри XXI боқӣ монда, он ба вазъияти сиёсии давлатҳо таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи мухаддир азият мекашанд. Илми тиб собит намудааст, ки маводи нашъаовар ба саломати инсонҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро ба бемории гуногун мубтало месозад.

Танҳо бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббию ҳуқуқии аҳолӣ, гузаронидани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ ва муборизаи дастаҷамъона паҳншавии маводи нашъовар дар ҷомеа пешгирӣ ва решакан мегардад. Ин мубориза талошҳои муштараки аҳолӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилан судмандро бо мақомоти ҳифзи ҳукуқи ҷумҳурӣ тақозо менамояд.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 17, 2025 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Чин мулоқот намуд
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст
Милитсияи шаҳри Душанбе беш аз 160 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандонро ошкор намуд
Дар Душанбе масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хариду фурӯши одамон баррасӣ гардид
Ҳамкории милитсия ва соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҷинояткории наврасону ҷавонон тақвият меёбад
ТАРМАФАРОӢ. Дар Тоҷикистон фаромадани тарма аз нимаи моҳи декабр то моҳи апрел дар назар аст
Соли 2026 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати шаҳри Ҳисор масъалаи пешгирии ноболиғон аз ҷинояткорӣ баррасӣ карда шуд
Мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дорад
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд