Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ,19.06.2025/АМИТ«Ховар»/. Дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ, аз ҷумла 3 парки иноватсионии саноатию технологӣ иборат аз 14 коргоҳи истеҳсолӣ ва 6 корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳолати 1 апрели соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 146 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, шумораи кормандони дар соҳаҳои саноат фаъолияткунандаи вилоят дар умум 1455 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 118 корхона фаъолият намуда аст.
Дар семоҳаи якуми соли 2025 корхонаҳои саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якҷо бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 45,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 –ум 111,7 фоиз ва ё маблағи 4,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026), Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди саноат дар Бадахшон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар Бадахшон дар даҳсолаи охир чандин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки самти фаъолияташон асосан ба коркард ва бастубанди меваҳои хушк, гиёҳҳои табии шифобахш, асал, истеҳсоли гӯшти мурғ, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва кишоварзӣ, инчунин саноати сабук, аз ҷумла дӯзандагӣ нигаронида шудаанд.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадхшон ба истифода додани беш аз 90 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки наздик ба 1500 ҷойҳони нави корӣ фароҳам оварда хоҳанд шуд.
Дар маҷмӯъ, дурнамои рушди соҳаи саноат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ояндадор арзёбӣ гардида, ҳамзамон дар ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон дигар соҳаҳо густариш меёбанд, аз ҷумла, парвариши қӯтос ва ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ.
Айни замон дар ҳар як ноҳияи вилоят сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин соҳаи боғдорӣ, ки имкон доранд дар оянда иқтидори саноатии Бадахшонро баланд бардоранд ва ин минтақаи баландкӯҳро ба яке аз минтақаҳои аз лиҳози саноатӣ рушднамудаи Тоҷикистон табдил диҳанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






