Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) чемпионати CAFA-2025-ро бо пирӯзӣ бар тими Афғонистон оғоз кард

Июнь 11, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20)-ро, ки 10 июн дар Ҳисор шуруъ гардид, бо пирӯзӣ оғоз намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи ҷавонони Тоҷикистон  дар оғози мусобиқот дар гурӯҳи «А» бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Тими ҷавонони Эрон дар гурӯҳи «В» бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозиҳои даври дуюм 12 июн дар Варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд