РУШДИ ДЕҲОТ. Сокинони деҳаи Навдеи шаҳри Норак 750 метр роҳро мумфарш намуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Навдеи Ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо намудани маҳалли зист, тариқи ҳашар 750 метр роҳи деҳаашонро мумфарш намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.
Роҳи вайронаи дохили деҳаи Навде дар фасли баҳору зимистон барои рафту омади сокинон ба маркази шаҳр мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард. Раиси деҳа Ҳабиб Садуллоев бо фаъолони деҳа ҷамъ омада, машварат гузарониданд, ки чӣ тавр роҳи ҳалли ин масъаларо ёбанд? Ҷамъомадагон ба хулосае омаданд, ки на танҳо роҳи деҳа, балки истгоҳҳо, купрӯкҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро таъмиру навсозӣ намуда, ҷашни фархундаи миллиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд. Айни замон дар ин деҳа корҳои созандагию ободонӣ идома доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо чунин таъкид намуданд, «ба тамоми роҳбарону масъулон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳо такроран хотиррасон менамоям, ки тозагиву ободӣ аз хонаву кошонаи ҳар яки мо, аз маҳалли зист, кӯчаву хиёбон, шаҳраку деҳа ва шаҳру ноҳияи ҳар яки мо сар мешавад. Мардумро ба ободкориву созандагӣ сафарбар кунед ва дар ин ҷода худатон ташаббускору пешсаф бошед».
«Фаромӯш набояд кард, ки Ватан аз мост ва тамоми масъалаву мушкилоти онро мо худамон бо заҳмати аҳлонаву содиқона бартараф месозем»,-тазаккур доданд Сарвари давлат.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак








Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳри Турсунзода 546 синфхонаи иловагӣ ва 11 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 369 иншоот бунёд мешавад






