ФУТБОЛ. Дастаи ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2025 иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 09.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10 то 17 июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар Чемпионати CAFА-2025 шаш даста – Тоҷикистон, Узбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок хоҳанд кард. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд.
Тибқи низомномаи мусобиқот, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷуму шашум бозиҳо баргузор мешавад.
Бозиҳои мусобиқа дар ду варзишгоҳ – Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор меграданд.
Бояд гуфт, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасони мамлакат (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 дар Қатар иштирок мекунад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






