ФУТБОЛ. Дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ғолиби Чемпионати CAFA-2025 гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар гурӯҳи «В» бар тимҳои Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) пирӯз шуда, аз мақоми аввал ба финали ин мусобиқа баромад.
Дар бозии ҳалкунанда дастаи Тоҷикистон дар қувваозмоии шадид бар тими Узбекистон бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони мамлакат таҳти роҳбарии Далер Каёсов маротибаи сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA мегардад. Қаблан ин даста бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






