«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мешавад

Июнь 18, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн дар шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Хатлон – қалби гарми сайёҳӣ» форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мешавад. Ҳадафи он ҷалби сайёҳони хориҷию дохилӣ, муаррифии имконоти сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикор ва саёҳат дар вилояти Хатлон мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин форум ба рушд додани ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Рамзи форум ва намоишгоҳи байналмилалӣ тасдиқ гардид. Дар он тамоми имкониятҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихӣ тасвир ёфтааст. Инчунин номи форум бо се забон инъикос гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Кӯлоб бо таърихи куҳани худ таваҷҷуҳи олимону сайёҳони оламро ба худ ҷалб сохтааст.

Дар атрофи шаҳри қадимаи Кӯлоб шаҳрҳое амсоли Ҳулбук, Мунк, Бубакон, Тандичароғ, Искандара, Лангар, Маранда ва ғайра мавҷуд буданд, ки ҳанӯз дар асрҳои IX-VII — пеш аз мелод дар Осиёи Марказӣ маълум буданд.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир аст, ки ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба зиёрати он меоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 18, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд