«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид

Июнь 20, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон-қалби сайёҳӣ» бо  муарифии имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар намоишгоҳ мамнуъгоҳҳои табиӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоятбуда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳод гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,   форум ва намоишгоҳ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон ба вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳадафи асосии форуми имрӯза муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкили платформаи гуфтугӯи созанда миёни шарикон ва соҳибкорони соҳа мебошад. Дар кори он иштирокдорон рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Форум дар се бахш: ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, саёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, рушди устувори инфрасохтор ва иқтидорҳои табиӣ, фарҳанги креативӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — омили рушд ва шиносоии Хатлон дар арсаи байналмилалӣ доир шуд.

Иброз гардид, ки вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад.

Дар вилоят беш аз 900 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 20, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд