РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Суғд беш аз 242 ҳазор меҳмони хориҷӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли 2025 ба вилояти Суғд 242,2 ҳазор нафар меҳмони хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76,5 хазор нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов иттилоъ дод.
Тибқи иттилои Абдумаҷид Раҳимов, дар вилояти Суғд 97 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 65 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 4 лагер, 4 дармонгоҳи табобатӣ — истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 1 маркази муолиҷавӣ, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии 7441 ҷой фаъолият доранд.
Ҳамзамон, 24 осорхона ва 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир мебошад.
«Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёд барои рушди саёҳати экологӣ мебошад, ки асоси онро табиати нодир, манзара, обҳои мусаффо, кӯл ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, наботот ва ҳайвоноти нодир ташкил медиҳанд»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои диданбоби беҳамто дар ҷаҳон шӯҳрати калон пайдо кардааст.
Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, аз қабили Саразм, ки беш аз 5500 сол арзи вуҷуд дорад, Панҷакенти қадим, зодгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд, кӯҳҳои Фону Арчамайдон, кӯлҳои ба таври афсонавӣ зебои «Кӯли калон», «Ҳафткӯл» ва дигарон мусоидат менамоянд.
Водии Зарафшон бо ёдгориҳои нодире, чун Саразми бостонию Панҷакенти қадим ва манзараҳои ҷолиби кӯҳҳои Фону кӯлҳои «Марғузор», «Аловиддин», «Кӯли калон» ва «Искандаркӯл» дӯстдорони таъриху фарҳанг ва табиатро шефтаву мафтун кардааст. Ба ҳавзаи «Кӯли калон» кӯлҳои «Душоха», «Бибиҷаннат», «Сиёҳ», «Ҷангал» дохил мешаванд, ки аз манзараҳои дилкаши ин водӣ мебошанд.
Дар водии дарёи «Шинг» бошад кӯлҳои «Марғузор» ҷойгиранд, ки ҳар кадом бо ранг ва зебоии хоси худ фарқ мекунад. Ин кӯлҳо дар ҳақиқат муъҷизаи пурасрори табиатанд ва дар мавсими гармо ба мавзеи писандидаи сайёҳони пиёдагарду кӯҳгарди дохиливу хориҷӣ табдил меёбанд.
Ҳамчунин яке аз мавзеъи ҷолиби дигари вилоят ин «Искандаркӯл» мебошад, ки дарозиаш 5 километрро ташкил медиҳад. Қариб ду километр поёнтар аз кӯл, шаршарае аз баландии 30 метр ҷорист, ки сайёҳон ҳатман аз он дидан менамоянд.
Омӯзиши захираҳои сайёҳӣ нишон медиҳад, ки вилоят барои ривоҷ бахшидани сайёҳии табобатӣ — беҳдоштӣ иқтидори бузург дорад. Осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил», «Зумрад», «Хавотоғ» ва «Авис-сити» байни сайёҳони дохилию хориҷӣ шуҳрат доранд.
Ба иттилои мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов, дар вилоят 45 ширкати сайёҳӣ, 2 ташкилоти ҷамьиятӣ — Шурои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушли сайёҳии Зарафшон фаъолият менамоянд. Барои хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ 225 хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои тарихию фарҳангии вилоятро фаро мегирад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






