Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар мамлакат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 37642 метр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегардад.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 9480,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 5110 метр, аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ ба маблағи 66638,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 23480 метр, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 12484 ҳазор сомонӣ ба масофаи 6883 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 1503,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 2169 метр пешбинӣ карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар се моҳи соли равон ба маблағи 1033,3 ҳазор сомонӣ ба 4004 метр корҳо иҷро гардида, дар ин самт фаъолият идома дорад.
Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани ҳадафҳои барнома имкон ҳаст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз гарданд.
Ҳамасола дар Тоҷикистон дар фаслҳои баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






