ҒИЗОИ СОЛИМ. Дар фасли тобистон кадом таомҳоро бояд истеъмол намуд?

Июнь 2, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ғизое, ки инсон давоми рӯз истеъмол мекунад, ҷисмро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарурӣ таъмин менамояд. Агар хоҳед, ки дар фасли тобистон меъдаатон солим ва баданатон неруманд бошад, аввал хӯроки моеъ истеъмол намоед.  Зеро хӯрокҳои моеъ барои ба эътидол овардани ҳарорати бадан мусоид мебошанд. Инчунин истеъмоли хӯриши аз сабзавоти тар омодашуда манбаи неру дар фасли тобистон аст. Ин матлабро доктори илмҳои тиб, профессор Ҷаҳон Азонов ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Он хӯроки моеъ (обдор, суюқ)-е, ки истеъмол менамоем, бояд дорои нах бошад. Мувофиқи баъзе таҳқиқот, нах ба афзоиши микрофлораи муфид мусоидат ва инчунин рушди микроорганизмҳои зарароварро пешгирӣ менамояд. Шахс ҳангоми истеъмоли хӯрок бояд ба қадри кофӣ карбогидратҳо, равғанҳо, сафедаҳо ва макроэлементҳоро истеъмол намояд. Инчунин шабона инсон бояд кӯшиш намояд, ки таоми обдор ё дар бӯғ омодашуда истеъмол намояд. Зеро таомҳои серчарбу дар равған бирёншуда на танҳо шабона, балки дар фасли тобистон низ барои меъда зараровар мебошанд.

Бадани инсон вобаста ба фасли сол ва ҳавои берун ба истеъмоли ҳар гуна таом майл пайдо менамояд. Дар рӯзҳои ҳарорати баланд ҷисми инсон ба таомҳои сабук ва зудҳазмшаванда, обдор, хӯришҳо аз маҳсулоти тару тоза, мевагӣ ва обҷӯшу шарбат эҳтиёҷ пайдо мекунад. Агар инсон маҷбуран таоми бирён ва ё дуюм истеъмол намояд, дар ин ҳолат он ба организм таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷаҳон Азонов иброз намуд, ки тарзи нодурусти истеъмоли хӯрок барои инсон оқибати вазнин дорад. Бисёр одамон пеш аз оғози таом обро бештар истеъмол менамоянд. Бояд ба таври муътадил об нӯшид: дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Пеш аз истеъмоли таом истифодаи нӯшокиҳои газдор тавсия дода намешавад.

Мутахассисони соҳаи тиб сарчашмаи аксари бемориҳоро риоя накардани гигиенаи шахсӣ меҳисобанд ва таъкид менамоянд, ки дар ҳаёти ҳаррӯза бояд талаботи гигиениро иҷро намуд. Хусусан, дар фасли тобистон, ки авҷи бемориҳои сироятӣ ба чашм мерасад, нисбат ба саломатии худ хеле эҳтиёткор бояд буд. Ғизои носолим (нокифоя, начандон ғанӣ) ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин ғизоҳое ҳастанд, ки дар фасли тобистон истеъмол накарданашон беҳтар аст, зеро хӯрок бо таъсири гармии аз 30 дараҷа боло дар муддати кӯтоҳ вайрон шуда, ба заҳр табдил меёбад.

Маҳсулоте, ки дар фасли тобистон зуд вайрон мешаванд, махсусан хӯришҳое, ки аз майонез омода карда мешаванд, дар ин фасл набояд аз 6 соат зиёд нигоҳдорӣ шаванд.

Таомҳои дуюм, гӯшти бирён, мурғ ё кабоб ва дигар намуди он низ қобилияти зудвайроншавӣ доранд. Дар гармо меъдаи мо ба таоми обдор ва зудҳазмшаванд ниёз дорад. Кӯшиш намоед ин навъи таомро бештар истеъмол намоед. Дар фасли тобистон он маҳсулоте, ки аз шир омода мешавад, ба монанди йогурт ва шириниҳои дигар зудвайроншаванда мебошанд. Аз ин рӯ, чунин маҳсулотро дар хона тайёр кардану зуд истеъмол кардан беҳтар аст. Агар шумо яхмос истеъмол кардан хоҳед, дар вақти харидорӣ ба сифат ва таркиби он аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Инчунин тухм яке аз маҳсулоти зудвайроншаванда буда, метавонад боиси бемориҳои шадиди рӯда шавад. Дар фасли тобистон ҳазми он барои меъда хеле душвор мегардад.

Барои аз байн бурдани ташнагӣ баъзе нафарон бештар нӯшокиҳои газдор менӯшанд. Бояд гуфт, ки истифодаи нӯшокии газдор дар меъдаи холӣ тавсия дода намешавад. Барои шикастани ташнагӣ  бештар нӯшидани оби ҷӯшонида ва чойи сабз тавсия дода мешавад. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта намуд.

Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст. Зеро дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуд ҳастанд, ки саломатии инсонро хуб нигоҳ медоранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 2, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАЛҚ БАР ХЕШ ПЕШВОРО ДОД. Президенти Тоҷикистон воқеан наҷотофарини миллати мост!
ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. Бархе аз халқу миллатҳои дунё давоми садсолаҳо онро анҷом дода наметавонанд
ЭҲТИРОМИ ОМӮЗГОР — ЭҲТИРОМИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ЗАБОНИ НАСРИ ОЛАМГИРИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатӣ
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Омӯзгор ба сифати шахси мафкурасоз ва инсони ҷомеасоз шинохта мешавад»
Омӯзгор Бунафша Сарҳадова: «Ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати Тоҷикистон моро ба пешаамон бештар ҳавасманд месозад»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР». Ба корҳои ба раванди таълиму тарбия алоқаманд набуда ҷалб кардани омӯзгор манъ аст
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст
ДАСТГИРИИ ОМӮЗГОРОН. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд гардид
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ҚУДРАТ ВА ИЛМУ ТАҲСИЛ. Андешаҳо оид ба бузургдошти забони давлатии Тоҷикистон
Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст
Маликшо Неъматзода: «Имрӯзҳо бо забони тоҷикӣ зиёда аз 150 миллион нафар одамон дар як қатор кишварҳои олам муошират менамоянд»