Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пиряхҳое, ки чанд соли пеш устувор менамуданд, дар ҳоли обшавӣ қарор доранд. Ин раванд, ки дар кӯҳҳои баланд ба амал меояд, ба ҳаёти кӯдакони деҳот таъсири ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо бояд барои ҳифзи кӯдакони имрӯз ва наслҳои оянда ҷаҳони устувору мувофиқ муҳайё созем. Чунин иброз дошт Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел 30 май зимни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар шаҳри Душанбе.
«Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад. Онҳо бояд дар қабули қарорҳо иштирок дошта бошанд ва маълумот пайдо намоянд, ки обшавии пиряхҳо ба ҳаёти инсон чӣ таъсир мерасонад», — гуфт Кэтрин Рассел.
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ баён дошт, ки барои ҳифзи кӯдакон аз хатарҳои офатҳои табиӣ, кӯдакон дар маркази иқдомоти иқлимӣ қарор дода шаванд. Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид аз таҷдиди мактабҳо, беҳтар кардани обу беҳдошт, то таъмини хидматҳои тиббӣ ва ғизои устувор омодааст ба мамлакатҳо кумак расонад.
«Мо аз роҳбарӣ ва талошҳои кишвари мизбон — Тоҷикистон ва аз иштироки фаъолонаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ин самт истиқбол менамоем ва ҳамкории минбаъдаро бо умеду боварӣ интизорем», — таъкид намуд Кэтрин Рассел дар конфронс.
Ҳамчунин ӯ иброз дошт, ки ЮНИСЕФ омода аст дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва шарикон, барои таҳкими хадамоти муҳими иҷтимоӣ, дастгирии ҷавонону кӯдакон ва сохтани ҷомеаҳои тобовар ба иқлим саҳм гузорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд






