КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 717 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд
ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 40 ҳазор ҷавонони вилоят муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро хатм намудаанд. Аз соли 1997 то соли 2024 3882 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи квотаи президентӣ ба ихтисосу равияҳои омўзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникию технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷҷикистон хабар доданд.
Аз ин шумора 2047 нафар духтар ва 1835 нафарашонро писарон ташкил медиҳанд. Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияҳои вилоят 717 нафар (333 нафар духтар ва 384 нафар писар) таҳсил карда истодаанд.
Соли таҳсили 2024-2025 аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои вилоят 138 нафар (70 нафар духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз иқдоми шоистае, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 анҷом доданд, таъсиси квотаи президентӣ маҳсуб мешавад.
Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад.
Таъкид шуд, ки ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам ба тариқи суҳбат (бе имтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Дастур дода шуд, ки нафароне бояд тариқи квотаи президентӣ донишҷӯ шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд.
Дар асоси пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва эҳтиёҷи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи президентӣ» аз рӯи ихтисосҳои барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат зарурро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ин қарор барои танзими минбаъдаи қабули донишҷӯён тибқи квота асос шуда метавонад.
Инак, 28 сол мешавад, ки духтарону писарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ба касбҳои дилхоҳашон дохил шуда, таҳсил менамоянд. Онҳо давоми таҳсил низ аз имтиёзҳои зиёд бархӯрдоранд. Ҳамчунин барои таҳсили донишҷўёни тариқи квотаи президентӣ дохилшуда шароити хуб фароҳам оварда шуда, онҳо бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мегарданд.
Ҳамасола раисони шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуда, аз шарту шароит ва таҳсили онҳо огоҳ мегарданд.
Ин иқдоми Сарвари давлат ба боз ҳам баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин гардидани минтақаҳои кӯҳистони мамлакат мусоидат менамояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст






