«Модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–пешбурди самараноки сиёсати пулию қарзӣ» рӯнамо гардид
ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – пешбурди самараноки сиёсати пулию қарзӣ» рӯнамо гардид, ки дар он намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии мамлакат ва воҳидҳои сохтории дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ин чорабинӣ бо мақсади таъмини заминаҳо барои гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, иҷрои муқаррароти «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат», «Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) бо ХБА то соли 2025» ҷорӣ намудани фишанги такмилёфтаи сиёсати пулию қарзӣ — Механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби идораи бозори молиявӣ баргузор гардид.
Ҳадафи баргузор намудани рӯнамоӣ муаррифии гузариш ба механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ва усулҳои дуруст ба роҳ мондани он, ҳамзамон тақвият бахшидани ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки татбиқи механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ ба самаранокии идора ва идоракунии пардохтпазирӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди бозори байнибонкӣ, такмили танзим ва пешбурди дурнамои (Liquidity Forecasting) пардохтпазирии низоми бонкӣ, инчунин тақвияти механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ мусоидат менамояд.
Дар рӯнамоӣ бартарияти модернизатсияи захираҳои ҳатмӣ дар татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва таҷрибаи амалии татбиқи он дар Бонки миллии Тоҷикистон барои иштирокдорон пешниҳод гардид. Инчунин иштирокдорон вобаста ба мавзуъҳои баррасишаванда, аз ҷумла сохтор ва истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, таъсири онҳо ба нишондиҳнадаҳои монетарию макроиқтисодӣ, муҳиммияти механизми дурнамои пардохтпазирии низоми бонкӣ табодули назар намуданд.
Ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба саволҳои худ оид ба ташаккули захираҳои ҳатмӣ, танзими маблағҳои он ва дигар паҳлуҳои асосии механизми миёнакунии захираҳои ҳатмӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






