Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи мувофиқаҳои Вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби С5+1 дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои нишасти охирини сатҳи олӣ дар шаҳри Остона ва татбиқи амалии онҳо мубодилаи афкор намуда, тақвияти ҳамкориро дар самтҳои амнияти минтақа, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳим шумориданд.
Гурӯҳи кории мазкур абзори доимоамалкунанда ба ҳисоб рафта, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон зимни вохӯриҳо тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи шарикии стратегиро дар бахшҳои муайян матраҳ менамоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






