Қоҳир Расулзода: «Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои ИДМ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад»

Июнь 5, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳод, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд, масоили муҳими ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ иброз намуд, ки «имрӯз сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Душанбе на танҳо ҳамчун намояндагони давлатҳои алоҳида, балки ҳамчун як ҷомеаи ягона, ки бо таъриху арзишҳои муштарак ва ормонҳои сулҳу субот муттаҳид шудаанд, ҷамъ омадаанд. Дар ҷаҳони зудтағйирёбанда маҳз ҳамкорӣ ва дастгирии мутақобилаи мо калиди рушди устувор ва амнияти минтақа мебошад».

«Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Федератсияи Русия барои раёсати муваффақ ва муассираш дар ИДМ дар соли 2024 изҳори сипос намоям. Ба шарофати ин талошҳо, ҳамкории кишварҳои мо барои рушд суръати нав пайдо кард. Ман аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама барои иштироки фаъолонаашон ва дастгирии ташаббусҳои муштаракамон ташаккур мегӯям», — гуфт Қоҳир Расулзода.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тазаккур дод, ки Тоҷикистон рисолати раёсати ИДМ дар соли 2025-ро иҷро карда, ба пешбурди ҳамкории амалӣ ва таҳкими равобити иқтисодӣ, технологӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона байни кишварҳои иштирокдор таваҷҷуҳи асосӣ медиҳад.

«Самимона кӯшиш менамоем, ки ҳамкории дастҷамъонаи мо, на танҳо дар чаҳорчӯби чорабиниҳои протоколӣ маҳдуд шавад, балки ба дигаргуниҳои воқеӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ мусоидат намояд», — афзуд Қоҳир Расулзода.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

«Бо вуҷуди мушкилоти идомадошта дар муҳити беруна, аз ҷумла нооромиҳои геополитикӣ, чолишҳои амнияти озуқаворӣ, оқибатҳои тағйирёбии иқлим, инчунин омилҳои маҳдудкунандаи савдои ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро нишон медиҳад», — иброз дошт Қоҳир Расулзода.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, Сарвазири Беларус Александр Турчин, Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Мгер Григорян ва муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Ходжамират Гелдимирадов иштирок доранд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 5, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд