Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин мулоқот намуд

Июнь 4, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/ — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Александр Турчин мулоқот анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тавсеаи ҳамёрии дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва логистикӣ, инчунин, фаъолсозии кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҷонибҳо махсусан муҳимияти таъсис ва рушди корхонаҳои муштаракро дар ҳарду давлат таъкид карданд. Дар ин робита саҳми корхонаҳои муштарак дар таҳкими иқтидори саноатӣ, табодули фанноварӣ ва ҳалли вазифаҳое, ки дар пешорӯи иқтисоди Тоҷикистону Беларус қарор доранд, таъкид карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот омодагии ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар руҳияи шарикии стратегӣ ва дастгирии мутақобила изҳор гардид.

Мулоқот дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 5 июн дар Душанбе баргузор мегардад, анҷом дода шуд. Александр Турчин бо сафари корӣ барои иштирок дар ин чорабинӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд