Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон иштирок менамоянд

Июнь 13, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13-19 июн дар шаҳри Будапешти Маҷористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик иштирок менамоянд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар пойтахти Маҷористон иштироки 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 давлати дунё дар назар дошта шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 варзишгар — Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ бо ҳамроҳи Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров, ҳарду дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҳамроҳии Кароматулло Ҳакимов, ҳарду дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо байни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои қуръакашӣ бо иштироки паҳлавонони тоҷик бо чунин натиҷа анҷом ёфт: дар вазни то 60 кг Меҳрзод Суфиев бо Ҷонатан Чарон аз Куба дар даври дуюм, дар вазни то 66 кг Эмомалӣ Нуралӣ бо ғолиби ҷуфти Адриан Нието Чинарро аз Испания ва Тойлу Муродов аз Туркманистон дар даври дуюм рақобат менамоянд. Ҳамчунин, дар вазни то 66 кг Обид Ҷебов бо ғолиби ҷуфти Балит Гомбас аз Маҷористон, Антони Де Ангелис аз Латвия дар даври дуюм сабқат мекунанд. Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров бо Нилс Стамп аз Швейтсария дар даври дуюм рақобат мекунад. Дар вазни то 73 кг Беҳрӯзи Хоҷазода бо Арун Кумар аз Ҳиндустон дар даври якум вомехӯрад, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков бо ғолиби ҷуфти Ҷоао Фернандо аз Португалия ва Аттила Унгвари аз Маҷористон дар даври дуюм сабқат мекунад.

Дар вазни то 100 кг Кароматулло Ҳакимов бо Арман Адамян (IJF) дар даври дуюм вориди сабқат мешавад. Ҳамчунин, дар вазни то 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо ғолиби ҷуфти Сингҳ Автар аз Ҳиндустон ва Коусай Бен Чарис аз Тунис дар даври дуюм рақобат мекунад. Дар вазни +100 кг Темур Раҳимов бо Сеунгёб Ли аз Кореяи Ҷанубӣ дар даври дуюм ҳунарнамоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд.

Тибқи дастури мусобиқот, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн байни занон доир мегардад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ — 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ — 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000 евро (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ — 1,600 евро) тақдим мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки рақобатҳои интихобӣ соати 14:30 ва ниҳоӣ соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешаванд.

Бояд ёдрас шуд, ки соли 2024 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид. Ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон ба шумор меравад.

Маврид ба тазаккур аст, ки нахустин медалро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд паҳлавони шинохтаи тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 13, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Се варзишгари навраси тоҷик аз намуди бокс ба даври ниҳоии Бозиҳои сеюми кишварҳои ИДМ роҳ ёфтанд
ФУТБОЛ. Шервонӣ Мабатшоев ва Алишер Тухтаев беҳтарин бозингар ва мураббии моҳи сентябр дониста шуданд
Горан Стеванович сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъин шуд
ФУТЗАЛ. 4 октябр бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2025 баргузор мешавад
БОКС. Варзишгарони навраси тоҷик ба марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои ИДМ-2025 роҳ ёфтанд
Дастаи «Истиқлол» аввалин ғалабаро дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 ба даст овард
Имрӯз дастаи «Истиқлол» бо тими «Гоа»-и Ҳиндустон дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 бозӣ мекунад
Дар шаҳри Ганҷа ҷаласаи Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварҳои ИДМ баргузор гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои III кишварҳои ИДМ соҳиби чор медали биринҷӣ гардиданд
БОЗИҲОИ III КИШВАРҲОИ ИДМ. Дастаи мунтахабаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол тими Қирғизистонро шикаст дод
Бозиҳои III кишварҳои аъзои ИДМ расман ифтитоҳ шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи Озарбойҷон нахустин бозӣ доир менамоянд