Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқҳои зеринро доранд: ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакро ҳимоя намоянд; муассисаҳои таълимиро интихоб намоянд; дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишомӯзии кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ иштирок ва мусоидат намоянд, дар фаъолияти мақомоти худидоракунии муассисаи таълимӣ иштирок намоянд. Чунин омадааст дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».
Дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон (1 июн) АМИТ «Ховар» тасмим гирифт аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бармеоянд, ёдрас гардад.
Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ ҳуқуқ доранд?
Дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ҳамчунин омадааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ доранд, ки аз операторон ва провайдерони хизмати алоқаи барқӣ дар бораи аз тарафи кӯдак истифода шудани хизмати алоқаи барқӣ маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд; ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдак ба муассисаи таълимӣ муроҷиат кунанд; азхудкунии барномаҳои таълимиро назорат намоянд; ба фаъолияти муассисаи таълимие, ки кӯдак дар он таҳсил мекунад, мусоидат намоянд ва ба раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишомӯзии кӯдак шинос шаванд.
«Бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таълиму тарбияи кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома банданд; нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо монеа эҷод кардан ба таълиму тарбияи кӯдак ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд; аз имтиёзҳои пешбинишуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд ва дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд»,- омадааст дар ин моддаи қонун.
Уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак кадомҳоянд?
Дар моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар бораи уҳдадориҳои падару модар дар таълими кӯдак омадааст, ки падару модар дар таълими кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд: таълим гирифтани кӯдакро таъмин намоянд; барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кӯдак тадбирҳо андешанд; ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумии кӯдак монеъ нашаванд; кӯдакро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин карда, барои таълими ӯ шароит муҳайё намоянд ва риояи пӯшидани либосҳои дахлдори муассисаи таълимиро аз ҷониби кӯдак дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъмин ва назорат карда, ба шакли зоҳирӣ ва санитарию беҳдоштии ӯ диққат дода, бидуни зарурати тиббӣ ҷиҳати пешгирии тағйири сунъии намуди зоҳирӣ, аз ҷумла холкӯбӣ, чораандешӣ намоянд.
«Ба кӯдаки дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ ва руҳӣ барои таҳсил кардан ва касбу ҳунар омӯхтан шароит муҳайё намоянд; донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд; ба омӯзиши забони давлатӣ, инчунин забонҳои хориҷӣ мусоидат намоянд; дар ҷаласаҳои падару модар ва чорабиниҳои дигари муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намоянд; талаботи дахлдори қоидаву тартибот ва санадҳои дохилии муассисаи таълимиро, ки кӯдак дар он таълим мегирад, риоя намоянд»,- омадааст дар ин моддаи қонун.
Ҳамчунин тибқи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» падару модар уҳдадоранд, ки дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯзи кормандони муассисаҳои таълимӣ пешниҳоди туҳфаҳои молию пулиро аз ҷониби кӯдак манъ намоянд; ҳама гуна пардохти маблағро аз ҷониби кӯдак ба кормандони муассисаҳои таълимӣ иҷозат надиҳанд; гирифтани таълими ғайриқонунӣ, аз ҷумла таълими ғайриқонунии диниро аз ҷониби кӯдак роҳ надиҳанд; таълими динии кӯдакро дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд ва уҳдадориҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълими кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Дар тарбияи кӯдак падару модар чӣ уҳдадориҳо доранд?
Дар моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» омадааст, ки падару модар дар тарбияи кӯдак уҳдадориҳои зеринро доранд: ба кӯдак тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд; пас аз таваллуд кӯдакро аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд; барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак шароит муҳайё намоянд; кӯдакро ба зиндагии мустақилона омода намоянд; кӯдакро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, волоияти қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, эҳтиром ба шахсияти худ ва атрофиён, оила, урфу одат, анъанаҳо, фарҳанги миллӣ ва халқҳои дигар, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд;
«Оид ба рушди маърифати ахлоқӣ, эстетикӣ, санитарӣ ва экологии кӯдак чораандешӣ карда, асосҳои гигиенаи шахсӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва муоширатро ба ӯ омӯзонанд; кӯдакро дар руҳияи сарфаю сариштакорӣ ва муносибати эҳтиёткорона нисбат ба молу мулк ва арзишҳои дигар тарбия намоянд; дар раванди тарбия нисбат ба кӯдак зӯроварӣ, аз ҷумла ҷазои ҷисмониро истифода набаранд; шаъну шарафи кӯдакро эҳтиром намоянд ва ба муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзананда нисбат ба ӯ роҳ надиҳанд; новобаста ба ҷинс, синну сол, қобилияти зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва руҳии кӯдакон, нисбат ба онҳо муносибати баробар дошта бошанд»,-омадааст дар идомаи ин моддаи қонун.
Ҳамчунин дар моддаи мазкур таъкид гардидааст, ки дар сурати хабардор шудан аз ҳолати кӯдаке, ки дар тарбияи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор дорад, бо онҳо ҳамкорӣ намоянд; ба марказҳои дилхушӣ рафтани кӯдакро манъ намоянд; гаштугузори кӯдаки то шашсоларо бе ҳамроҳии шахси аз чордаҳсола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ иҷозат надиҳанд; аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд; бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани кӯдаки то шонздаҳсоларо дар ҷойҳои хатарнок манъ намоянд.
Ҳамчунин падару модарон уҳдадоранд, ки кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кӯдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба кӯдак ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро, ба истиснои асбобу ашёи таълимӣ, манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд.
«Фарҳанги истифодаи телефони мобилиро омӯзонанд ва ҷиҳати дар вақти дарс истифода набурдани он чораандешӣ намоянд; ба кӯдак тамошои филмҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ, ваҳшатангезӣ, зӯроварӣ ва аксу наворҳои дигари манъшударо иҷозат надиҳанд; аз тарафи кӯдак мақсаднок истифода шудани интернетро назорат намоянд; ба кӯдак мутолиа ва паҳн кардани сабту наворҳои электронӣ (аз ҷумла тавассути телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯровариро манъ намоянд»,-омадааст дар моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак».
Тибқи моддаи 16-и ин қонун, волидайн уҳдадоранд, ки иштироки кӯдакро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба истиснои кӯдаконе, ки ба таври расмӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд, иҷозат надиҳанд; ба кӯдак истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, маҳсулоти тамоку, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои мадҳушкунандаи дигарро манъ намоянд; иштироки кӯдакро дар чорабиниҳои барои ӯ тавсиянашуда иҷозат надиҳанд; ба кӯдак барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин барои омадан ба муассисаи таълимӣ бо воситаҳои нақлиёти механикӣ иҷозат надиҳанд; ба кӯдак ҷиҳати интихоби касбу кор мусоидат кунанд; ба оворагардӣ ва рафторҳои зиддиахлоқии дигари кӯдак роҳ надиҳанд ва кӯдакро ба кори ғайриқонунӣ ҷалб насозанд;
Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки падару модар уҳдадоранд, ки ба зишту касиф ва хароб намудани биною иншоот, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда ва расондани зарари дигар ба онҳо аз тарафи кӯдак роҳ надиҳанд; дастрасии кӯдакро ба маводи сӯзандаю тарканда ва силоҳ иҷозат надиҳанд; истифодаи ҷавоҳирот, зару зевар, дигар ашёи қиматбаҳо (ба истиснои як ҷуфт гӯшвораи андозааш хурд барои духтарон)-ро аз тарафи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ манъ намоянд ва уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи кӯдак муқаррар намудааст, иҷро намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Dushanbe-travel