Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим ва Шуғнон як қатор иншоотро ифтитоҳ намуданд ва барои бунёди чанд муассисаи таълимӣ санги асос гузоштанд

Июнь 26, 2025 13:43

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Бо иштироки Роҳбари давлат 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст.

Инчунин дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кудак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо шуд, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгу ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад.

Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 26.06.2025

Июнь 26, 2025 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд