Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии «Донаҳои Умед» боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” боздид намуданд.
Гармхонаи мазкур дар масоҳати 1,5 гектар замин бунёд гардида, таҷҳизоту дастгоҳҳо барои парвариши сабзавот тибқи таҷрибаи нав аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Мақсади аслии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳо таъмин кардани аҳолии шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки гармхонаи мазкур доимамалкунда буда, ҳарорати муътадили дохили он бо усули муосир таъмин карда мешавад.
Қабл аз бодиринг дар гармхона помидор парвариш ва ҳосили он ба бозорҳои шаҳри Душанбе ва атрофи пойтахт пешниҳод гардида буд. Ҳоло ҳосили бодиринг дар гармхона фаровон аст ва ин бозгӯи он аст, ки кормандони Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед”, ки 10 – нафарро ташкил медиҳанд, дар кишт ва парвариши сабзавот таҷрибаи ғанӣ андухтаанд. Интихоби навъҳои ба иқлими кишвар мутобиқ низ аз роҳҳои дигари фаровонҳосилӣ аст.
Обёрӣ дар гармхонаҳо бо усули қатрагии ба роҳ монда шудааст. Бо найчаҳои обдиҳии қатрагӣ ба сабзавот, ҳамчунин, маводи ғизоӣ дода мешавад. Технологияи нигоҳубини сабзавот дар гармхона ба таври худкор амал намуда, ҳосилнокиро баланд мебардорад.
Таввасути турҳои муҳофизатӣ сабзавот аз таъсири офатҳои табиӣ, ба монанди гармии аз меъёр зиёд ва ҳашароти заррарасон эмин нигоҳ дошта мешавад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо натиҷаҳои заҳмати сабзавотпарварон ва намоиши маҳсулот аз гармхонаи Кооперативи тиҷоратии “Донаҳои Умед” бо кормандон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои гуногуни сабзавот, ҷорӣ намудани усулҳои нави парвариш, марҳила ба марҳила васеъ намудани масоҳати гармхона, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифат дастуру тавсияҳои муфид доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






