Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев боздид намуданд

Июнь 26, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон бо рафти парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев шинос шуданд.

Тавре аён гардид, оилаи Додихудоевҳо 4 садяк замини наздиҳавлигӣ дар ихтиёр дошта, онро самаранок истифода мебаранд. Хусусан пас аз дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ аъзои ин оила чун дигар мардуми кишвар корро дар самти парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар замини наздиҳавлигӣ ҷоннок карда, аз он ҳосили хуб ба даст меоранд.

Ҳоло дар замини наздиҳавлигии оилаи Додихудо картошка, қаламфури булғориву помидор, бодиринг, карам ва дигар намуди зироат нашъунамои хуб дошта, ба ин васила онҳо эҳтиёҷоти оилаи худро бо маҳсулоти худӣ қонеъ месозанд.

Аъзои оила ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола аз ҳамин замин то 800 кило картошка ҷамъоварӣ намуда, дар тамоми фасли сол аҳли оилаву хешовандонро бо ин маҳсулот таъмин менамоянд.

Ҳамчунин бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ аъзои оила аз замини наздиҳавлигӣ ҳосили хуби дигар намудҳои маҳсулоти кишоварзиро ба даст меоранд.

Онҳо дар самти парвариши дарахтони мевадиҳанда низ таҷрибаи хуб дошта, бо истифода аз обу хоки ҳосилхез дар назди ҳавлиашон олучаву гелос, зардолу, себ ва навъҳои гуногуни нок шинонидаанд, ки дарахтони он ҳосили хуб доранд. Хусусан дар ҳавлии хоҷагӣ навъҳои гуногуни себ пурбор буда, ба иттилои аъзои оила аз ин ҳисоб низ ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунари занону бонувони ноҳияи Рӯшон, ки маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро пешниҳод намуданд, шинос шуданд.

Бонувони ҳунарманди ноҳия дар намоиш нони танурӣ, чапотӣ, кулча, самбусаи танурӣ ва таомҳои миллии маҳаллӣ, аз қабили ширчой бо чормағз, каду бо чормағз, омоч, атолаи донаки зардолу, оши бурида, кабкшурбо ва оши палавро намоиш доданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти истифодаи замини наздиҳавлигӣ ва муаррифии таомҳои миллӣ, бо аҳли хонаводаи Додихудо Додихудоев сари дастархон суҳбати озоду самимӣ оростанд.

Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи кишвар ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ созад ва бо ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат – таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода кардан аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Додихудоевҳо як миқдор ашёи рӯзғор ҳадя карданд.

Боздид аз замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Додихудо Додихудоев

Июнь 26, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ! Муҳимтарин омили таҳкими истиқлоли Тоҷикистон густариши худшиносию худогоҳии миллӣ аст
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
Дар ноҳияи Рашт иншооти соҳаи маориф ва варзиш ба истифода дода шуданд
9 сентябр шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Рашт синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бинои иловагии таълимӣ, кӯдакистон ва толори варзишӣ ба истифода дода мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раванди корҳо дар майдончаи сохтмонии №5А-и НБО «Роғун» шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар сарбанди рӯди Оби Шӯри НБО «Роғун» шинос шуданд