Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия идома доранд

Июнь 3, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 июн  Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия  баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар шаҳрҳои Москва ва Қазон доир мегардад.

2 июн дар Маҷмааи осорхонавию намоишии Академияи рассомии Русия намоиш таҳти унвони «Зебоии Тоҷикистон: мерос барои оянда» ифтитоҳ гардид, ки то 5 июн идома меёбад. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 асари рассомони маъруфи тоҷик ба маърази тамошо гузошта шудаст.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанг замина барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия чор маротиба – солҳои 2005-2011-2015-2022 ва Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маротиба- солҳои 2005-2010-2014-2017-2021  баргузор гардидаанд.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аввалин маротиба  моҳи октябри соли 2005 баргузор гардида, дар расми ифтитоҳи он  Президенти Тоҷикистон,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда буданд.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон