РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЯХМОС. Чаро ин ширинии яхбастаро аз ҳама зиёд кӯдакон дӯст медоранд?

Июнь 10, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 10.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн Рӯзи ҷаҳонии яхмос  муқаррар гардидааст. Ин ширинӣ ҳамеша барои кӯдакон ва бисёри калонсолон яке аз анвоҳои лазиз ва дӯстдошта маҳсуб мешавад. Махсусан дар фасли тобистон  талабот ба яхмос  бештар мегардад. Истеъмоли он ба организм  фоидаовар буда, хастагиро бартараф ва асабро ором месозад. Чаро ин ширинии яхбастаро аз ҳама зиёд кӯдакон  дӯст медоранд?

Ба гуфтаи  табибон, яхмосе, ки аз маҳсулоти  табиӣ, аз қабили шир ва қаймоқ  истеҳсол шудааст, ба тавлиди серотонин — гормони шодӣ мусоидат мекунад. Ин аст, ки  кӯдакон  пас аз хӯрдани яхмос ҳамеша хурсанд мешаванд. Албатта, пас аз ин кӯдакон мехоҳанд, ки ин ширинии лазизро  боз истеъмол кунанд. Сабаби дигари дӯст доштани яхмос ин ретсепторҳои забони кӯдакон  аст. Системаи ҳассосии кӯдакон маззаро назар ба калонсолон  бештар  дарк мекунад, аз ин рӯ таассуроти шириние, ки кӯдак пас аз  хӯрдани яхмос мегирад, муддати дароз дар хотирааш  боқӣ мемонад.

Таърихи яхмос

Яхмос таърихи 4-ҳазорсола дорад. 2- ҳазорсолаи пеш аз милод дар Чини қадим сари дастархон шириниҳо мегузоштанд. Он аз барф ва яхи омехта бо буридаи афлесун, лимӯ ва донаи анор иборат буд. Таърихи ихтирои ин ширинии машҳур аз давраҳои тамаддунҳои қадимтарини Осиё — Чин ва Мовароуннаҳр сарчашма мегирад. Ҳатто Императори чинӣ Тангу дастурамали шахсии худро дар бораи тарзи омода намудани яхмос аз ях ва шир таҳия намуда буд. Дастурамал ва тарзу усулҳои омода кардани яхмос махфӣ нигоҳ дошта мешуд ва танҳо он дар асри 11 то мелод ба воситаи китоби «Шикинг» ошкор карда шуд.

То имрӯз намудҳои гуногуни ин ширинии яхбаста новобаста аз фасли сол пешкаши дӯстдорони он гардонида мешаванд. Истеҳсолкунандагони яхмос низ мунтазам дар ҷустуҷӯ буда, ин анвои дӯстдоштаро бо шаклу таъми гуногун ва истифодаи меваҳо пешниҳод менамоянд. Инчунин бонувон дар хона навъҳои гуногуни онро омода месозанд.

Фоидаи яхмос ба инсон

Дар баробари лазиз будан, он инчунин ба саломатии шахс фоидаовар мебошад. Ҳанӯз асосгузори илми тиб Гиппократ (солҳои 460-370 пеш аз мелод) барои мустаҳкам кардани саломатӣ  истеъмоли яхмосро тавсия дода буд.

Ин ширинӣ манбаи калсий мебошад, ки дар мустаҳкам кардани устухонҳо нақши муҳим дорад. Истеъмоли он организмро бо калий ва магний, ки барои саломатии системаи асаб, дил ва рагҳои хун муҳиманд, таъмин мекунад. Инчунин навъҳои яхмосе, ки аз буттамева, меваҳо, чормағз иборат аст, дорои витаминҳо ва микроэлементҳои муфид аст.

Ширинии яхкардашуда, ки аз карбогидратҳо ва сафедаҳо бой аст, барои зуд барқарор кардани энергия кӯмак мекунад. Онро баъд аз таом истеъмол менамоянд. Инчунин ин ширинӣ барои бартараф кардани гуруснагӣ низ кӯмак мерасонад. Нафаре, ки мехоҳад баданаш фарбеҳ шавад,  истеъмоли яхмос тавсия дода мешавад.

Ба киҳо истеъмоли яхмос тавсия дода намешавад?

Ба кӯдакони то 2 сола истеъмоли яхмос тавсия дода намешавад. Инчунин нафароне, ки ба бемории диабети қанд, вазни зиёд ва ҳасоссият «аллергия» гирифторанд, барои истеъмол ва миқдори он бояд ба табибон муроҷиат намоянд. Одамоне, ки мигрен (бемори дарди нисамсар) доранд, аз истеъмоли зиёди он худдорӣ  намоянд. Зеро таркиби ин ширинӣ аз шир, шакар ва равған иборат буда, дар ҳарорати хунук нигоҳ дошта мешавад.

Пеш аз истеъмоли яхмос  бояд он аз яхдон бароварда шавад. Инчунин яхмосҳое, ки бо борҷома истеҳсол шудаанд,  аз борҷома бояд кушода шаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки пеш аз харидорӣ ва ё истеъмоли яхмос ,  ҳатман ба тамғаи он, санаи  истеҳсол ва аз кадом моддаҳо иборат будани  таркиби он диққат дода шавад.

Баъзе одамон боварӣ доранд, ки маҳсулоти ширии хунук метавонад боиси дарди гулӯ гардад. Агар дар як ё ду рӯз то 150 грам яхмос бихӯред, гулӯятон дард намекунад. Аммо хӯрдани шириниҳои хунук ва аз болои он истеъмоли таом ва ё нӯшоки гарм ба сири дандон зарар дорад. Он бо тағйирёбии ҳарорат вайрон мешавад. Махсусан,  яхмоси хунукро бо қаҳва ё чойи гарм хӯрдан хатарнок аст. Яхмосҳое, ки равғанокиашон аз 12 то 20 фоиз аст, баданро фарбеҳ месозанд.

Тарзи омода кардани яхмоси хонагӣ

Қаймоқи хонагӣ (35 фоиз) – 300 гарм, шакар — 150 грамм, хушбуйкунанда — 1 қошуқча, зардии тухм 3 дона ва шир 1 истакон.

Ширро ҷӯшонида,  хунук намуда,  ба он зардии 3 тухм, шакар ва хушбўйкунандаро илова мекунем. Онро дар бӯғ то ғафс шуданаш мекобем. Қаймоқро дар алоҳидагӣ то ғафс шуданаш лат мезанем. Бояд эҳтиёт кард то қаймоқ аз лат задани зиёд ба равғани маска табдил наёбад. Дар он ҳолат яхмосро вайрон мекунад.

Маҳсулоти шириро бо қаймоқи лат зада,  оҳиста омехта карда, ба яхдон муддати 1 соат мегузорем. Пас аз як соат яхмосро гирифта, бо асбоби латзанӣ (миксер) оҳиста лат зада, боз ба яхдон мегузорем. Ин амалро пас аз як соат боз такрор мекунем. Яхмос,  ки сахту сард шуд ба болояш аз рӯи хоҳиши худ метавонед мураббо, бодоми кӯфта ё шоколади аз турбтарошак гузаронидашударо гузорем.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 10, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
То соли 2028 ба ҳама шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон хотима дода мешавад
Муовини Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминҷунбӣ зарардидаи ноҳияи Рашт шинос шуд
Барои дар тобистон ба бемории дарунравӣ гирифтор нашудани кӯдакон чӣ бояд кард?
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад
Беш аз 190 ҳазор нафар наврасони вилояти Хатлон ба истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд
«ТОБИСТОН-2025». Дар Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ҷаҳон Азонов: «Истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад»
Дар Бохтар бинои нави Беморхонаи бемориҳои дил ва маркази эндокринология сохта мешавад
САРФАКОРӢ — БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Ба миқдори сари сӯзан сарфа кардани зан баракатро дар хонадон дучанд меафзояд
ҚОНУНИ ТАНЗИМ — НАМУНА БАРОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА. Дар давраи амали ин қонуни миллӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ сарфа шудааст
Пешвои миллат: «Ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад»