Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 муайян шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар натиҷаи қуръакашӣ мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар гурӯҳи «К» қарор гирифта, бо тимҳои Сурия, Филиппин ва Непал бозӣ менамояд. Марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 3 то 9 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони 11 гурӯҳи интихобӣ ва ҳамчунин чаҳор тими беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 7 то 25 январ дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






