Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд

Июнь 20, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи XXXIII Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Шурои иттилоотии ИДМ) баргузор шуд, ки дар он директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иштирок намуд.

Дар рафти ҷаласа самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкории касбии агентиҳои иттилоотии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷриба оид ба инъикоси чорабинҳо бахшида ба 80-солагии Ғалаба, инчунин татбиқи лоиҳаҳои мушатарак вобаста ба ин санаи муҳим дода шуд.

Иштирокчиёни нишаст масъалаҳои таъмини иттилоотии рӯйдодҳои бузурги ИДМ, аз ҷумла дастгирии иттилоотии чорабиниҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ, Бозиҳои III дарпешистодаи Иттиҳодро, ки тирамоҳи соли равон дар Озарбойҷон баргузор мешаванд, баррасӣ намуданд. Ҳамзамон ҷанбаҳои ҳамкории фарҳангӣ-гуманитарӣ, рушди сайёҳии дохилӣ дар кишварҳои ИДМ, инчунин ташаббусҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои илму фарҳанг ва табодули ҷавонон баррасӣ карда шуданд.

Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода дар ҷаласа сухан намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки «соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст. Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аллакай як қатор чорабиниҳои муҳимро амалӣ намуда, дар марҳилаи омодагӣ ба баргузории дигар чорабиниҳои сатҳи баланд дар доираи татбиқи Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ қарор дорад».

«Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар таъмини иттилоотии омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ, аз ҷумла 4-5 июни соли равон дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як зумра маводи таҳлилӣ ва иттилоотиро нашр намуда, инчунин оид ба чорабиниҳои муҳиме, ки дар дигар кишварҳои узви ИДМ доир шудаанд бо забонҳои гуногун ва бо истифода аз неруи баланди касбӣ ва эҷодии худ саҳми арзанда гузоштанд», — таъкид намуд Субҳиддин Шамсиддинзода.

Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳо оид ба таъсиси шаҳрҳои инноватсионӣ, табодули рӯзноманигорон ва масъалаи баланд бардоштани касбияти кормандони агентиҳои иттилоотӣ дода шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин вобаста ба Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA), ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор шуд, табодули афкор намуданд.

АКС: ТАСС

Июнь 20, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд