Сафири Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Аввалин бонки Абу Забӣ мулоқот намуд

Июнь 13, 2025 09:47

ДУШАНБЕ, 13.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар шаҳри Абу Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо Мудири иҷроияи Аввалин бонки Абу Забӣ (FAB) Ҳана Ал-Рустамонӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти тақвияти ҳамкорӣ байни бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аввалин бонки Абу Забиро ба мақсади рушди равобити иқтисодию молиявӣ таъкид карданд.

Ҳамчунин мусоҳибон омӯзиши имкониятҳои шарикӣ дар низоми бонкдорӣ, тавсеаи муносибатҳои муросилотӣ, мутобиқсозии фаъолияти бонкӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, зарфиятсозӣ ва ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳои ҳамдигарро муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб

Июнь 13, 2025 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд