Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Беморхонаи сироятиро мавриди истифода қарор доданд

Июнь 26, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои Беморхонаи сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхона бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари табибон фароҳам оварда шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои беморхонаи сироятӣ дорои 20 кат буда, дар он барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти васеъ фароҳам аст.

Иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 30 млн. сомонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Бинои беморхонаи сироятии ноҳия аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои саривақт ба табобат фаро гирифтани маризоне, ки ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд, шароити муосир фароҳам гардидааст.

Муассисаи тиббӣ дорои 42 ҳуҷраи корӣ буда, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаи эҳёгарӣ, шуъбаи ташхис ва ҷарроҳӣ ҷойгир мебошанд.

Масоҳати умумии беморхонаи сироятӣ 1 ҳазору 300 метри мураббаъро ташкил намуда, бинои асосӣ дар масоҳати 480 метри мураббаъ бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар беморхона бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ соли 2022 оғоз гардида, бо сатҳу сифати баланд, тибқи талаботи муосири меъморӣ ба анҷом расид.

Бинои қаблии беморхона, кӯҳнаю фарсуда гардида, дорои чунин шароити муосир набуд ва ин ҳолат ба сокинон мушкилии зиёд ба миён меовард.

Акнун бо сохта ба истифода додани беморхонаи сироятии замонавӣ ва дорои тамоми шароити муосир дар ноҳия мушкилии чандсолаи сокинон бартараф гардид.

Ин бино бо намоиши зебо ва атрофи чароғону сабзкориаш ба симои маркази ноҳия зебоии тоза зам намудааст.

Табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави беморхонаи сироятии ноҳияи Роштқалъа Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро барои саривақт ва бо сифати баланд хизматрасонӣ намудан ба сокинони ноҳия муваззаф сохтанд.

Таъкид намуданд, ки табибон ҳангоми фаъолият бо беморон хушмуомила бошанд, зеро бемор беш аз дигарон ба муомила ва суханони хуб ниёз дорад.

Ифтитоҳи беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Роштқалъа 26.06.2025

Июнь 26, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд