Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон майдони Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 16,30 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд гардидааст. Саҳн ва атрофи Нишони давлатӣ бо санги хоро зиннат дода шудааст.
Дар майдони Нишони давлатӣ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити форам муҳайё гардидааст.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, сайру сайёҳат ва фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун табдил ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои дар чунин муҳити сабзу гулпуш нигоҳ доштани майдони Нишони давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.









Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон






