Сарвазири Озарбойҷон ба Тоҷикистон ташриф овард

Июнь 4, 2025 14:47

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 июн Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон Алӣ Асадов барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Меҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 5 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои  ИДМ баргузор мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки дар соли 2025 раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зиммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 4, 2025 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Берлин муколамаи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Вазорати корҳои аврупоӣ ва хориҷии Австрия мулоқот намуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея дар соҳаи маориф иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд