«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». 12 июл иштирокчиёни экспедитсияи байналмилалӣ ба Тоҷикистон мерасанд
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад. Экспедитсияи мазкур бо тай кардани 1426 километр аз як зумра шаҳрҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла Москва, Владимир, Арзамас — (деҳаи Болдино), Чебоксари, Қазон, Набережни Челнӣ гузашта, ҳоло дар пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон — шаҳри Уфа қарор доранд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иштирокчиёни экспедитсия дар давоми 51 рӯз бо тай кардани 8000 километр аз ҳудуди 5 давлат ва беш аз 30 шаҳр гузашта, 12 июл аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва 19 июл аз ҷониби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти унвони «Корвони Помир» вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд.
Иштирокчиён мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, ба 5 шаҳри Тоҷикистон — аз Москваи Федератсияи Русия ба Душанбе, аз Чебоксарии Ҷумҳурии Чувашистон ба Данғара, аз Оренбурги Федератсияи Русия ба Хуҷанд, аз Аралски Ҷумҳурии Қазоқистон ба Кӯлоб ва аз Қизилордаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Панҷакент паёми бародаршаҳрӣ мерасонанд.
Яке аз мақсадҳои экспедитсия ин барқарор сохтани риштаҳои дӯстӣ миёни шаҳрҳои 5 давлати Авруосиё мебошад. Он замина фароҳам меорад, то шаҳрҳои минтақа низ бо ҳам равобити бародаршаҳрӣ ва дигар ҳамкории судманди минтақавӣ дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангӣ, қавӣ сохтани риштаҳои дӯстӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ» ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки дар ташкилу баргузории ин экспедитсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусӣ саҳми назаррас доранд.
Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум наздик ба 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамъбасти экспедитсия, ки 22 июл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.
Хотиррасон мешавем, ки экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» 6 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардида, ҳайати экспедитсия тавассути 25 нақлиёт ба роҳ баромад.
Ин экспедитсия на танҳо роҳи муштараки фарҳангию таърихӣ, балки ҳамбастагие барои ояндаи дурахшони минтақа мегардад, ки дӯстиро абадӣ сохта, ҳамкориро мустаҳкам месозад ва ба наслҳои оянда мероси неки ваҳдати сартосариро ҳадя медорад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд






