Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд

Июнь 23, 2025 13:36

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар Нишасти 51-уми вазирони корҳои хориҷии  Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар давлатҳои ҳавзаи Созмон, алалхусус вазъи феълии Давлати Фаластин, муборизаи дастҷамъона бар зидди таҳдидҳо ва чолишҳои замони муосир, ба мисли терроризму экстремизм, инчунин қазияи Исроил ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сироҷиддин Муҳриддин аз тадбирҳои муассири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ ёдовар шуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ байни давлатҳои Созмони ҳамкории исломӣ тавассути иҷрои барномаҳои марбутаи ин созмонро яке аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиши фақр ва таъмини шароити устувори зиндагӣ дар минтақа унвон кард.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд