Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 паҳлавон муаррифӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо, ки 13-19 июни соли 2025 дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чепионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо 9 варзишгар — Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Эмомалӣ Нуралӣ бо ҳамроҳи Обид Ҷебов, ҳарду дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Абубакр Шеров, ҳарду дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов бо ҳамроҳии Кароматулло Ҳакимов, ҳарду дар вазни то 100 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо байни мардон намояндагӣ хоҳанд кард.
Варзишгарон дар рақобатҳои инфиродӣ барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд.
Тибқи дастури мусобиқот, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн байни мардон ва дар як вазн байни занон доир мегардад. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии инфиродии ҷудои ҷаҳон ба ҷуз аз медал, бо ҷоизаҳои молӣ қадрдонӣ мешаванд: барои ҷойи аввал 26,000 евро (ба варзишгар – 20,800 евро, ба мураббӣ — 5,200 евро), барои ҷойи дуюм 15,000 евро (ба варзишгар – 12,000 евро, ба мураббӣ — 3000 евро) ва барои ҷойҳои сеюм 8000 евро (ба варзишгар – 6,400 евро, ба мураббӣ — 1,600 евро тақдим мегардад.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар пойтахти Маҷористон 548 варзишгар (286 мард ва 262 зан) аз 92 давлат номнавис шудаанд.
Ёдовар мешавем, соли 2024 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин ҷудо, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардида буд, паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.
Бояд гуфт, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни калонсолон ба шумор меравад.
Хотиррасон мешавем, ки аввалин медалро дар ин мусобиқоти сатҳи баланд Расул Боқиев соли 2007 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Ӯ дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






