Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Июнь 26, 2025 09:29

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок ва оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонӣ ва такмили фаъолияти мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ сухан  намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлия хабар доданд.

Дар ҷаласа вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳор дошт, ки «густариши фарогири технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла технологияҳои муосири информатсионию коммуникатсионӣ асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон иқдомҳои пайваста дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми «ҳукумати электронӣ»-ро амалӣ менамояд».

Бо қарорҳои Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ Консепсияи таъсиси низоми ягонаи электронии табодули иттилоот байни вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ, Нақшаи чорабиниҳои Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба омодагӣ ва эълони соли 2027 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи чорабиниҳои асосии Шурои вазирони адлияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2026 тасдиқ карда шуд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ таъкид гардид, ки рӯзномаи фарогири ҷаласаи  Шурои вазирони адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ гувоҳи он аст, ки Шурои вазирони адлия минбаъд низ ҳамчун ниҳоди густаришдиҳанда ва таҳкимгари ҳамкории ҳуқуқӣ дар фазои Иттиҳод боқӣ монда, самтҳои афзалятноки он таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони давлатҳои иштирокдори ИДМ хоҳад буд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд