35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад

Июль 16, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 16.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат мегиранд. Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд бунёди иншооти таъйиноти гуногун идома дорад. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва фароҳамсозии шароити мусоид дар гимназияҳои рақами 1 ва 4-и шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад.

Ин иншоот бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва саҳми ширкатҳои сохтмонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию бунёдкорӣ бунёд мегарданд. Тибқи лоиҳа, биноҳои иловагии гимназияҳо аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, имконият фароҳам меоранд, ки беш аз 2500 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон сохтмони биноҳои наву замонавии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд, Суди вилояти Суғд, маҷмааи варзишии «Суғд Арена» ва бинои истиқоматии баландошёна идома дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 16, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад