35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 31 иншоот ба истифода дода шуд

Июль 18, 2025 13:52

ДУШАНБЕ, 18.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони 340 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар шаш моҳи соли равон 31 адади он мавриди истифода қарор дода шуд, ки 72,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабар доданд.

То имрӯз 285 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд, ки 83,8 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи истифодаи иншооти нав беш аз 230 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба иншооти ҷашнӣ ба 187,6 миллион сомонӣ баробар аст.

Аз шумораи умумии иншооте, ки ба истифода дода шудаанд, 104 адад ба соҳаи маориф, 18 адад ба тандурустӣ, 7 адад ба фарҳанг, 4 адад ба варзиш ва 4 адад ба бахши саноат рост меояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 18, 2025 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд