Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд

Июль 5, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷаласаи шашуми  роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай доир ба масъалаи ҳифзи муҳити зист баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода доир ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувор сухан намуд.

Баҳодур Шерализода инчунин доир ба саҳмгузории Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии экологӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ибрози  назар кард.

Дар доири Ҷаласаи шашумин роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Вазири экология ва муҳити зисти Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуан Жунтсю доир шуд.

Дар он ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва таҳкими ҳамкории институтисоналиро баррасӣ намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад