Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид

Июль 7, 2025 15:28

ДУШАНБЕ, 07.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷаласаи 22-юми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа тақвияти ҳамкории минбаъдаи соҳаи фарҳангу санъат аз ҷониби вазирони фарҳанги давлатҳои аъзо Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки ин ҷаласа барои давлатҳои аъзо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Ҳамчунин дар ҳошияи Ҷаласаи 22-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Ели вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 7, 2025 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд