Ҳамкории академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Муғулистон тақвият дода мешавад

Июль 25, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо президенти Академияи илмҳои Муғулистон Самбуугийн Дэмберел мулоқот намуд, ки зимни он ҳамкории илмии дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои таҳлил ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои муштараки илмӣ, мусоидат ба ҳамгироии самараноки илмӣ дар Тоҷикистон ва Муғулистон, таҳия ва лоиҳаҳои нави илмӣ мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин масъалаҳои гузаронидани экспедитсияҳои якҷояи илмӣ дар самти археология, мусоидат ба паҳн намудани таҷрибаи истеҳсолот дар соҳаи илм дар Тоҷикистон ва Муғулистон бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани кадрҳои илмӣ баррасӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 25, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд