Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Агдами Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ таҳти унвони «Баланд бардоштани нақши ҷавонон барои бунёди фазо ва иқлими устувор барои оянда» баргузор шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар форум намояндагони кишвар вобаста ба нақши ҷавонони Точикистон дар самти ҳифзи иқлим ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор барои оянда, рӯ овардан ба иқтисоди сабз, вусъат бахшидан ба иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, тавлид ва рушди энергияи сабз, тахкими гуфтугӯи фарҳангӣ ва муносибатҳои фарҳангии чавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар се даҳаи охири сохибистиқлолӣ вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, энергияи сабз, иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ташаббускорӣ намуда, ҳамгириҳои муштаракро дар ин самт муҳим медонад.
Дар панелҳои форум ҷавонон масъалаҳои экологӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист, баланд бардоштани маърифатнокии сокинони сайёра вобаста ба ҳифзи иқлим барои оянда ва рушди техналогияи инноватсиониро муҳокима намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд






