Байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии «Paragon» Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Олимпиадаи байналмилалии «IKO – 2025» аз фанҳои математика ва забони англисӣ, ки 21 июл дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа оғоз гардид, байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии «Paragon» Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Имзои шартнома ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025» барои ворид шудан ба фазои илму дониши муосири ҷаҳонӣ ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар раванди таълим равона гардидааст.
Дар доираи олимпиада сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода бо фаъолияти Мактаби байналмилалии «Paragon»-и шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа шинос шуд. Пешниҳод карда шуд, ки лоиҳаҳои муштарак байни муассисаҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба рушди фанҳои дақиқ гузаронида шаванд, зеро хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ дониши хуб доранд ва ин омили асосии ҳамкории муваффақ дар оянда мебошад.
Мақсад аз иштироки хонандагони пойтахт дар ин олимпиада баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ворид шудан ба фазои олимпиадаҳои ҷаҳонӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешсаф дар ҳаракати олимпӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «IKO – 2025» аз фанҳои математика ва забони англисӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа то 27 июл идома меёбад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






