Барои иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил гардид
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои итирокчиён ва меҳмонони Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё — 2025» хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо мақсади муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии пойтахти мамлакат 23 июл меҳмонону иштирокчиёни Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Дар доираи хатсайр аз ҷониби роҳбаладон вобаста ба имконоти сайёҳии шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Хатсайри сайёҳӣ аз назди Майдони 80-солагии Москва, назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз гардида, иштирокчиён Кохи Наврӯз, Майдони Истиқлол ва Осорхонаи таърихии Душанбе (Маҷмааи Истиқлол)-ро тамошо намуданд.



Ёдовар мешавем, ки ҳайати Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё — 2025», ки аз намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё – Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иборат мебошад, шуруъ аз 20 июл дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» давоми 45 рӯз беш аз 8000 километр роҳро тай намуда, аз шаҳрҳои бузурги Федератсияи Русия (Москва, Владимир, Арзамас, Чебоксарӣ, Қазон, Набережни Челнӣ, Уфа, Оренбург), Ҷумҳурии Қазоқистон (Актобе, Аралск, Байконур, Қизилорда, Туркистон, Шимкент, Тараз, Алмато), Ҷумҳурии Қирғизистон (Қарокӯл, Бишкек, Ҷалолобод, Ӯш), Ҷумҳурии Узбекистон (Намангон, Тошканд, Самарқанд, Бухоро) ва Ҷумҳурии Тоҷикистон — Исфара, Хуҷанд, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент гузашта, ба Душанбе расид.
АКС: Шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






