Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд

Июль 31, 2025 09:57

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон 5 ҳазору 389 нафар машғулияти кӯтоҳмуддати касбомӯзии назди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2024  543 нафар зиёд мебошад. Дар ин хусус 30 июл зимни нишасти матбуотии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар айни замон дар 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 14 самт ва 300 касбу ихтисос кадрҳои коргарӣ омода карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  165 касбу ихтисос зиёд мебошад.

Дар нишаст иброз гардид, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар заминаи литсейҳои касбии теҳникии ноҳияи Шуғнон, шаҳри Бохтар, алоқа ва нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе марказҳои шуғли фосилавӣ таъсис дода шуданд, ки шаҳрвандонро ба омӯзиши шуғли фосилавӣ ва компютерӣ фаро мегиранд. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар ин марказҳо 321 нафар машғулияти кӯтоҳмуддатро хатм намуданд. Дар айни замон 5 гурӯҳ бо 125 шаҳрванд таҳсил доранд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2025 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд