Чӣ гуна худ ва наздиконамонро аз бемориҳои ғайрисироятӣ ҳифз намоем?

Июль 26, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бемориҳои ғайрисироятӣ ба монанди фишорбаландӣ, диабети қанд, бемориҳои дил, фарбеҳӣ ва саратон имрӯз дар тамоми ҷаҳон зиёд шудаанд.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), ҳамасола зиёда аз 41 миллион нафар аз бемориҳои ғайрисироятӣ вафот мекунанд, ки ин беш аз 71%-и ҳамаи ҳолатҳои фавтро ташкил медиҳад. Бештари онҳо одамони синну соли миёна ва калонсолон ва дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона ҷавонон ҳастанд.

Ин бемориҳо аз одам ба одам намегузаранд, вале сабабҳои асосии он дар замони муосир одатан дар натиҷаи тарзи нодурусти ҳаёт ба вуҷуд меоянд, ки инҳо мебошанд:

— Хӯрдани зиёди хӯрокҳои равғанин, намакдор, шириниҳо ва хӯрокҳои тезтайёр;

— Камҳаракатӣ ва нишастан дар якҷо соатҳои зиёд;

— Тамокукашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ;

— Стресс, хастагӣ ва хоби нокифоя;

— Беаҳамиятӣ ба саломатӣ ва аз муоинаи тиббӣ нагузаштан, инчунин ба худтабобаткунӣ машғул шудан.

Чӣ бояд кард, то бемор нашавем?

 Мо бояд хӯроки солим истеъмол намоем. Яъне бештар сабзавот, мева, гӯшти моҳӣ ва дигар намуди ғизоҳои сабук ва табиӣ истеъмол карда, намак, равған, гӯшти бирён ва шириниро камтар истеъмол намоем. Ҳамчунин аз хӯроки кӯчагӣ (хусусан дар ҳавои гарм) ва маҳсулоти муҳлаташ гузашта худдорӣ кунем.

Бисёртар серҳаракат бошем ва ҳар рӯз на кам аз 30 — дақиқа роҳ равем ё машқи бадан кунем ва дар ҳавои тоза сайругашт намоем.

Аз одатҳои зараровар, аз ҷумла истифодаи тамоку ва машруботи спиртӣ даст кашем ва ба фарзандон низ  вобаста ба паёмади он маълумот диҳем.

Бо стресс мубориза барем, худро ором нигоҳ дорем, бо аҳли оила суҳбат кунем, китоб хонем, мусиқӣ гӯш намоем ва шабона бояд на кам аз 7 соат хоб равем.

Фишори хун, шакар, вазн ва саломатии дилро, ҳатто агар худро хуб ҳис намоем ҳам, соле як маротиба тафтиш кунем.

Нишонаҳои авалини бемориҳои ғайрисироятӣ инҳо мебошанд: Сардӣ, хастагӣ, дарди сар, фишори баланд, ташнагӣ ва пешобравии зиёд (нишонаи диабет), вазни зиёдатӣ, нафастангӣ, дарди дил, кам шудани иштиҳо, рангу рӯйи зард, харобшавӣ ва монанди инҳо…

Хулоса, бемориҳои  ғайрисироятӣ хомӯшона пайдо мешаванд, вале бисёр хатарнок мебошанд. Агар ҳар яки мо ба ғизо, ҳаракат, хоб ва саломатиамон диққат диҳем, онгоҳ мо  метавонем солҳои тӯлонӣ ва сиҳат умр ба сар барем, чунки беҳуда намегӯяд:

Тандурустии миллат — сарвати бебаҳост!

Султон РАҲМОНЗОДА,
Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд

Июль 26, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ