Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳила ба марҳила афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он ба як фард дар вилоят 3 ҳазору 712 сомонӣ рост меояд. Суръати афзоиш дар минтақаҳо бошад нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 108 фоиз ва ҳиссаи нишондиҳандаи кутоҳмуҳлати рушди минтақаҳо 1,2 фоиз арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 6 моҳи соли равон иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматгузор 85,1 миллион сомониро ташкил дода, ҳаҷми буҷети вилоят дар шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105,1 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет ба ҷойи 132,8 миллион сомонии нақшавӣ 139,6 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 9 ҳазору 839 нафар баробар гардида, аз ҳисоби фаъолияташон маблағи зиёда аз 6 миллиону 928,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки айни замон дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ шуда истода, маблағи азхудшуда ба ҳолати имрӯза 217,1 миллион доллар ё 76,6 фоизро ташкил медиҳад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






