Дар деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент мактаби нав сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Деваштичи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 бинои нав бунёд карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, бинои собиқи таълимгоҳ, ки имкони фарогирии беш аз 570 хонандаро аз ин деҳаи наздишаҳрӣ надошт, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, сармоягузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва шарикони рушд сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа бино аз ду ошёна, 10 синфхонаи барҳаво, толори ҷамъомад, синфхонаи махсуси технологияи иттиллотӣ иборат буда, дар ду баст 480 хонандаро фаро мегирад.
Ҳоло бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулгун» бо ҷалби техникаи зарурӣ ба гузоштани таҳкурсии бино машғул ҳастанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






