Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон сазовори лоиҳаи грантии Агентии ҳамкории байналмилалии Корея «KOICA» гардид, ки дар доираи он барои тайёр кардани муҳандисони саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ таъсис дода мешавад. Дар ин хусус 24 июл ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
«Дар назар аст, ки ин марказ бо маблағи 10 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сохта, ба истифода дода шавад. Амалишавии он аз моҳи ноябри соли 2025 оғоз мегардад»,-иброз дошт Зоир Раҳмонзода.
Дар доираи ҳамкорӣ бо созмону ташкилоти кореягӣ дар донишгоҳ 2 марказ таъсис дода шудааст. Дар доираи фаъолияти онҳо дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, роботсозӣ, зеҳни сунъӣ ва таълими забони кореягӣ машғулият, форум ва конфронсҳои илмию амалӣ гузаронида мешаванд.
Зимни нишасти матбуотӣ баён гардид, ки вобаста ба имконоти фароҳамовардаи Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 4 донишҷӯ дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Корея дар зинаи магистратура таҳсил менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли равон донишгоҳ бо 11 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, созмону ширкатҳои байналмилалӣ шартнома ва созишнома ба имзо расонид. Ин ба сатҳи касбияту ҷаҳонбинии омӯзгорону кормандон, инчунин имконоти ҳамкории минбаъдаи донишгоҳ таъсири мусбат мерасонад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






