Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душабе бо иштироки зиёда аз 100 нафар довталаб Озмуни «Аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равияҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва нуқра» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.
Дар озмун довталабон давоми ду рӯз барои ба даст овардани аттестати аъло донишозмоӣ менамоянд.
Таъкид карда шуд, ки озмуни мазкур на танҳо сатҳи дониши хонандагонро муайян мекунад, балки онҳоро барои омӯзиши минбаъда ва расидан ба қуллаҳои баланди илм ташвиқ менамоянд. Изҳори итминон карда шуд, ки аз байни ин довталабон олимону мутахассисони ояндаи мамлакат ба камол мерасанд, ки дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо








Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид






